МИЗИ МУДАВВАР
роҷеъ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳо оид ба сифат ва борҷомакунии равғани растанӣ
Санаи 13-уми майи соли равон дар бинои Агентии Тоҷикстандарт бо истеҳсолкунандагони равғани растанӣ мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар кори он, муовини директори Агентӣ Рустамзода Малоҳат, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашӯрзода Суҳроб, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатӣ Қувватзода Бахтиёр, доираи васеи кормандон ва истеҳсолкунандагон ширкат карданд.
Сараввал Рустамзода Малоҳат баромад карда иброз дошт, ки дар шароити рушди саноати хӯрокворӣ ва афзоиши талаботи бозор масъалаи таъмини сифати маҳсулот аҳамияти махсус пайдо кардааст. Равған яке аз маҳсулоти муҳими ғизоӣ ба ҳисоб рафта, дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум васеъ истифода мешавад. Аз ҳамин сабаб, сифати равған, тарзи нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва борҷомакунии он бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳо мутобиқ бошад.
Риояи стандартҳо ҳангоми истеҳсол ва интиқоли равған барои ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон, нигоҳ доштани сифати маҳсулот ва таъмини бехатарии озуқаворӣ аҳамияти калон дорад.
Дар идома дигар мутахассисон баромад карда, роҷеъ ба мавзӯи пешниҳодшуда андешаронӣ карданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки сифати равған аз чанд нишондиҳанда вобаста аст. Ранг, бӯй, мазза, тозагӣ ва муҳлати истифода бояд ба талаботи муқарраргардида мутобиқ бошанд. Равғани босифат набояд бӯи бегона дошта бошад ва бояд дар шароити дуруст нигоҳ дошта шавад.
Борҷомакунӣ низ дар нигоҳ доштани сифати равған нақши муҳим мебозад. Бастабандӣ маҳсулотро аз ифлосшавӣ, гармӣ ва таъсири муҳити беруна муҳофизат мекунад. Барои борҷомакунии равған зарфҳои махсус истифода мешаванд, ки бояд тоза ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ бошанд.
Дар идома таъкид рафт, ки дар рӯйи ҳар як маҳсулот маълумоти зарурӣ бояд нишон дода шавад. Номи маҳсулот, муҳлати истифода, таркиб ва маълумоти истеҳсолкунанда барои истеъмолкунанда аҳамияти калон доранд. Ин маълумот ба харидор имконият медиҳад, ки маҳсулоти босифатро интихоб намояд.
Имрӯз стандартонӣ ва сертификатсия дар таъмини сифати маҳсулоти хӯрокворӣ нақши муҳим мебозанд. Маҳсулоте, ки аз санҷиш гузаштааст, барои саломатии инсон бехатар ҳисобида мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳо оид ба сифат ва борҷомакунии равған барои ҳифзи саломатии ҷомеа ва таъмини сифати маҳсулот аҳамияти калон дорад. Истеҳсоли маҳсулоти босифат ва риояи қоидаҳои стандартонӣ метавонад ба рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, ҳар як истеҳсолкунанда бояд ба масъалаи сифат ва стандартонӣ диққати ҷиддӣ диҳад, зеро маҳсулоти босифат асоси саломатии ҷомеа мебошад.
Дар фарҷом намояндагони корхонаҳои истеҳсоли равғанҳои растанӣ бо саволҳо ба мутахассисони Агентӣ муроҷиат карданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Фирдавси Абдураҳмон