МОДАР РАМЗИ САБР, МЕҲРУБОНӢ ВА МУҲАББАТИ ПОК АСТ
Бахшида ба гиромидошти Рӯзи модар дар Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият ва бонувону кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии идона сардори Раёсат Зулфиқор Тоиров аз номи директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва маъмурият Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ба муносибати ин ҷашни зебои баҳор бонувонро табрику таҳният гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки модар - тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон ва ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад.
Дар баромади дигар баромадкунандагон зикр гардид, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа мақом ва манзалати хоссаро касб намуд ва ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Зикр карда шуд, ки баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, аз миқдори умумии кормандон 35 нафарро занон ташкил мекунанд, ки дар вазифаҳои сардори шуъба, мудири бахш, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис фаъолият мебаранд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Изҳори бовари карда шуд, ки бонувони Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ин рисолати худро амиқ дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Дар ҷамъбасти ҷаласаи идона ҳамаи бонувон барои фаъолияти намоёни меҳнатӣ, иҷрои саривақтии вазифаҳои хазматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, саҳми назаррас дар пешбурди соҳа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли оянда бахшида ба 8-март Рӯзи Модар бо Сипосномаи сардори Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раёсати
Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд