Табрикоти директори Агентии Тоҷикстандарт
муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин
ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони азиз!
Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо ифтихору сарфарозӣ хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.
Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки “модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.
Дар ҳақиқат, Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад. Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.
Тавре ки огоҳед, ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардондани иқдомоти нек Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи неруи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.
Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад.
Занону духтарони арҷманди мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.
Ва ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намуданд: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».
Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Бовар дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш менамоед.
Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем. Зеро модари тоҷик дар тули садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.
Ҳамду сано ба зан - модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
Бори дигар бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо - модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азизро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон,
бонувон ва хоҳарони гиромӣ!