Санаи 5-уми ноябри соли равон, дар Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарият, муовинон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандон иштирок карданд.
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентӣ Мирзоён Раҳмоншо оғоз карда, нахуст табрикоти директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддинро ба самъи ҳозирин расонид.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки маҳз дар асоси Конститутсия, ки бо иродаи озоди мардум қабул шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ёфт. Дар давоми 31 соли сипаришуда, меъёрҳои ин санади муқаддас ба пояи қонунгузорӣ, сиёсат ва зиндагии ҳаррӯзаи ҷомеа табдил ёфта, бо ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт.
Дар идомаи ҳамоиш, дигар кормандон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба аҳамият ва гиромидошти Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо карда, иброз доштанд, ки Конститутсияи барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Арзиши олӣ эътироф гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси принсипи башардӯстӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад.
Дар охир, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ таъкид карда шуд, ки дар навбати худ аз мову шумо талаб карда мешавад уҳдадории конститутсионии худро дарк намуда, кӯшиш намоем, ки меъёрҳои онро риоя ва дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёди миллӣ татбиқ намоем.
Ҳамчунин, ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору фаъолият карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.