МАШВАРАТ МУСОИДАТ БА РУШДИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода бо боғдорони минтақа дар мавзӯи “Риояи талаботи стандартҳои кишоварзӣ - омили рушди содирот” семинар-машварат баргузор карда шуд.
Дар семинар муовини директори Агентӣ Рустамзода Малоҳат, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашурзода Суҳроб, сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат Воҳидзода Азалшоҳ, сардори Маркази Тоҷикстандарт дар шаҳри Турсунзода Файзуллозода Саидқул ва дигар мутахассисон иштирок карданд.
Дар ҳамоиш Рустамзода Малоҳат баромад карда, иброз дошт, ки таҳлили коршиносони соҳаи иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки сол то сол талабот ба маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар ҷаҳон меафзояд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳам ҳамасола зиёд мегардад. Ин нишондиҳандаи возеҳи дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ буда, қабули барномаҳои давлатӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо барои тақвияти иқтидори содиротии кишвар, мусоидат менамояд.
Талаботи бозори муосир барои баланд бардоштани сифати маҳсулот имкониятҳои навро пеш овард. Тибқи талаботи муқарраркарда маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ содирот мегардад, бояд сифатан ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ аст, саъю талош барои содироти он тайи солҳои охир зиёд ба назар мерасад. Намуди зоҳирии маҳсулот, бастабандии он ва сифат бояд дар мадди аввал бошад.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвияти рушди содирот, ҷиҳати таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ, ҳамчунин, барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, махсусан маҳсулоти ангури тару тоза ва хушконидашуда, дуруст ва бе нуқсон борҷомакуниҳои он, инчунин, дар вақти борҷомакунӣ зарбхурда, нуқсондор, ҳашаротрасида ва дигар ҳолатҳо ба содирот набояд бароварда шавад, бо боғпарварон ва хоҷагидорон мутахассисон бо варақаҳо баромад карда, ба иштирокчиён корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд.
Бояд қайд кард, ки аксарияти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ содирот карда мешавад, аз ҷумла, меваи хушки дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, ки дар номгӯи содироти маҳсулоти ватанӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд, асосан ба ин давлатҳо содир мегардад ва тибқи талаботи ин давлатҳо бояд корхонаҳои истеҳсолӣ дорои сертификати низоми идоракунии сифат бошанд. Хушбахтона дар аксарияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи меваи хушк ин низомҳо ҷорӣ шудаанд.
Тазаккур бояд дод, ки имрӯз дар Агентӣ масъалаи мусоидат ба содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар маркази диққати роҳбарият қарор дошта, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад, то ки монеаҳо барои содироткунандагони ватанӣ пеш наояд.
Ёдовар бояд шуд, ки баъди фарҷоми семинари мазкур ҳайати Гурӯҳи корӣ аз баъзе боғи токпарварии ангур дар минтақаи мазкур дидан карданд.
Фирдавси Абдураҳмон