Дар доираи сафари корӣ директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо роҳбарияти Агентии танзими техникии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрӣ доир намуда, оид ба таҳкими ҳамкориҳо, табодули таҷриба, ба омӯзиш фаро гирифтани мутахассисон ва дигар самттҳои фаъолияти соҳавӣ, изҳори назар карданд.
Дар идома директори Агентии Тоҷикстандарт аз озмоишгоҳҳои ташхисии Муассисаи давлатии “Маркази илмӣ-ташхисӣ ва назорати сифати Ӯзбекистон (“УзТест”), озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва озмоишгоҳҳои метрологии Пажўҳишгоҳи миллии метрологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки тақвият додани ҳамкориҳо бо Агентии танзими техникии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи санадҳои баимзорасида ба рушди соҳа, фароҳам овардани имкониятҳои омодасозии кадрҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, гузаронидани вохӯриҳои коршиносон, семинару конфронсҳо, дар ин замина коҳиш додани монеаҳо дар савдо, тавсеаи тиҷорати мутақобила ва таҳкими иқтисоди миллӣ замина мегузорад.