Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор шудааст, даври ҷумҳуриявии он ҷамъбаст мегардад.
Дар робита ба ин, санаи 27 сентябри соли равон дар намоишгоҳи Dushanbe EXPO Centre, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Низомии Ганҷавӣ иштирокчиёни озмуни мазкур - корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон молу маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки аз хариди молу маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ шурӯъ аз соати 8-00 то 12-00 баҳравар гарданд.
Марҳабо ба намоиш - фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ!