8-уми июли соли равон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Дар баробари имзои як қатор санадҳо, аз ҷониби директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон Сидиков Бакит Толомушевич Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия ба имзо расонида шуд.
Мақсади Созишнома пешбурди тақвияти ҳамкории тарафҳо, ҳамоҳанг намудани низоми миллии стандартизатсия ва таъмини ягонагии ченак ва сертификатсия, мубодилаи таҷриба ва дар ин замина бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.