Нимаи дуюми имрӯз 10 - уми июли соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” маҷлиси умумии ҳизбӣ доир гардид, ки дар кори он Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раҳмон Исломиддин Хайриддин - директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, кормандону масъулин ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Ҷаласаро Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро, ки масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикистандарт” ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ҷой дошт ба аъзоёни ҳизб шинос намуд.
Дар рафти маҷлис бо ҷонибдории аъзои ҳизб Раҳмон Исломиддин Хайриддин - раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт”-и Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баротзода Бахтиёр Исроил - муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.
Дар ин раванд, Раҳмон Исломиддин Хайриддин - раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” оид ба ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ мебошад, саъю талош намуда, дар раванди созандагиву ободонӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодааст.
Ҳамзамон бо ин, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло– раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаљонибаи Тољикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.
Аз ин ҷост, ки ташкилоти ибтидоӣ асоси ҳизб баҳисоб рафта мақсаду мароми ҳизбро таблиғу ташвиқ намуда, вазифаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва ташкилии ҳизбро дар корхонаю муассиса ва маҳалли зист амалӣ мекунад ва барои иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавӣ мусоидат менамояд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолони ҳизбӣ ифтихорномаю сипоснома тақдим гардида, нафароне, ки тоза ба сафи ҳизб шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбияшон тақдим гардид.