6 феврали соли 2025 вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Баҳриддин Сироҷиддинзода бо намояндагони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯри ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ ҷиҳати Гузориши рушди иқтисодӣ миллӣ ва шуғли пурмасъули Тоҷикистон, ки аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ омода мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сироҷиддинзода Б. қайд намуд, ки нақши гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии лоиҳаҳои нав ва ташаббусҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар баробари ин, мусоидат ва дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти содиротӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар самти рушди содирот ба манфиати соҳа хоҳад буд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро ҷиҳати мусоидат барои таъсис додани марказҳои логистикӣ оид ба банду басти маҳсулот, баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар самти коркард, захира, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишварро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.