Ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, директори Агентии содирот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолони ҷомеа дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - директори Агентии содирот - Сироҷиддинзода Баҳриддин суханронӣ намуда, иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан муқаддастарин ва арзишмандтарин ҷашни миллиамон маҳсуб меёбад, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони таърихии бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаву дурнамои давлатиро фароҳам овардааст.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сармояи бузурги миллат ва асоси пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Инчунин, дар доираи таҷлили ҷашни пурифтихори миллат бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи собиқадорони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ дар Маҷмааи хизматрасони “Ҳафтавранг” ҳамоиши идона доир карда шуда, бо мақсади эҳтиром ва қадршиносии хизматҳои шоиста собиқадорон бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.