17 марти соли 2026 мулоқоти маҷозии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло ва намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон брагузор гардид.
Зимни мулоқот, масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба пешбурди содироти кишвар, васеъ намудани ҷуғрофияи интиқол ва тақвияти ҳузури молҳои миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба назорати вазъ дар бозорҳои мақсаднок, баланд бардоштани самаранокии намояндагиҳои тиҷоратӣ ва мубодилаи фаврии иттилоот байни онҳо ва Агентии содирот равона карда шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ҷиҳати дарёфти шарикони нав, ҷалби шартномаҳои дарозмуддат ва таблиғи маҳсулоти рақобатпазир аз истеҳсолкунандагони тоҷик, аз ҷумла молҳои кишоварзӣ ва саноатӣ бо арзиши иловашудаи баланд, тақвият диҳанд.
Дар охир, аз ҷониби директори Агентии содирот дастурҳои дахлдор вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо ва барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди содироти Тоҷикистон дода шуданд.