Дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини директор бо мушовири байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушди рушди марказҳои логистикии содиротӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯри ҷонибҳо масъалаи омода намудани консепсияи рушди марказҳои логистикии содиротӣ дар кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, таъсиси чунин марказҳо барои басту банди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва омода намудани онҳо барои содирот муҳим арзёби мегардад.
Бояд қайд намуд, ки бо ташабуси Агентии содирот мушовири байналмилалӣ ҷиҳати омода намудани консепсияи рушди марказҳои логистикии содиротӣ кишвар ҷалб гардида, тибқи нақша ҳуҷҷати мазкур бояд то охири соли 2025 омода ва қабул гардад.