Мусоҳибаи директори Муассисаи давлатии рӯзномаи "Навиди Сино"-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзозода Саидаброр Саидӣ бо мудири шуъбаи коммуналию манзилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдулқосим Мусоев - Лутфан, сараввал дар бораи самтҳои асосии…
Мусоҳибаи директори Муассисаи давлатии рӯзномаи "Навиди Сино"-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзозода Саидаброр Саидӣ бо мудири шуъбаи коммуналию манзилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдулқосим Мусоев
- Лутфан, сараввал дар бораи самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи коммуналӣ ва манзилии ноҳияи Сино мухтасар маълумот медодед?
- Шуъбаи коммуналӣ ва манзилии ноҳияи Сино фаъолияти худро дар самтҳои асосии нигоҳдории тозагӣ ва беҳдошти муҳити зист, таъмиру нигоҳдории иншооти инфрасохторӣ, инчунин хизматрасонии техникии хонаҳои истиқоматӣ ба роҳ мондааст. Дар ҳудуди ноҳия 25 минтақаи коммуналӣ фаъолият мекунанд, ки ҳар рӯз кормандони онҳо ҷиҳати тоза нигоҳ доштани кӯчаҳо, маҳаллаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани мушкилоти техникӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, мутахассисони соҳа, аз ҷумла сантехникҳо, сари вақт ҷалб гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо чораҷӯӣ менамоянд. Маблағи хизматрасонии техникӣ тибқи муқаррарот аз ҷониби шаҳрвандон пардохт карда мешавад.
- Вазъи кунунии соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва манзил дар ноҳияи Сино чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
- Вазъи кунунии соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва манзил ҳамчун самти муҳим ва масъулиятнок арзёбӣ мегардад. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, шуъба тамоми имкониятҳоро истифода бурда, барои нигоҳдории тозагӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Яке аз масъалаҳои асосӣ ҷамъоварии саривақтии маблағҳои хизматрасонӣ мебошад. Ҳарчанд маблағи муқарраршуда барои як метри мураббаъ (16–17 дирам) чандон кофӣ нест, кормандони соҳа бо масъулият ва садоқат фаъолият намуда, барои таъмини фаъолияти минтақаҳо ва пардохти музди меҳнати коргарон тамоми чораҳоро меандешанд.
- Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино кадом тадбирҳои муҳиму афзалиятнок амалӣ гардида истодаанд?
- Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода як қатор тадбирҳои муҳим ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати тозагӣ ва ободонии маҳаллаҳо амалӣ мегарданд. Бо дастгирии роҳбарияти пойтахт ва ноҳия, инчунин саҳми соҳибкорону шаҳрвандони фаъол корҳои мумфаршкунӣ, сементпӯшонӣ ва ободонӣ ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, бо иштироки сокинон корҳои гулкорӣ, дарахтшинонӣ ва рангубори кӯчаҳо ба роҳ монда шуда, муҳити зист боз ҳам зебо ва мусоид гардонида мешавад.
- Барои беҳтар намудани ҳолати тозагии кӯчаҳо, маҳаллаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ чӣ гуна чораҳо андешида шудаанд?
- Бо мақсади таъмини тозагӣ, корҳои ҳаррӯзаи рӯбучини кӯчаҳо, ҷамъоварии партовҳо ва шустани роҳу хиёбонҳо ба таври мунтазам анҷом дода мешаванд. Бо истифода аз техникаи махсус қубурҳои обрав ва ҷӯйборҳо тоза карда шуда, шанбегиҳо бо иштироки сокинон ва муассисаҳо баргузор мегарданд. Дар як қатор маҳаллаҳо корҳои сабзазоркунӣ, гулшинонӣ ва насби партовгоҳҳои зеризаминӣ амалӣ гардида, ҳамзамон чораҳои фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон роҳандозӣ шудаанд.
- Масъалаи саривақт баровардани партовҳои маишӣ дар ноҳияи Сино чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва кадом мушкилот вуҷуд доранд?
- Баровардани партовҳои маишӣ тавассути корхонаҳои воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси коммуналӣ” – КВД-1, КВД-2 ва “Зарафшон-коммунал” ба роҳ монда шудааст. Ин корхонаҳо ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳоро тибқи ҷадвали муайяншуда анҷом медиҳанд. Бо вуҷуди ин, баъзе мушкилот, аз ҷумла норасоии контейнерҳо, афзоиши ҳаҷми партовҳо ва саривақт пардохт накардани ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби бархе шаҳрвандон ҷой доранд. Барои рафъи ин масъалаҳо чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.
- Дар самти таъмиру нигоҳдории фонди манзил, аз ҷумла, биноҳои истиқоматии баландошёна чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
- Дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Биноҳои баландошёна аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ рангубор гардида, симои шаҳр зеботар шудааст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лифтҳои як қатор биноҳо пурра аз нав таъмир гардида, айни ҳол ба таври муназзам фаъолият доранд, ки барои сокинон шароити мусоид фароҳам меоранд.
- Чӣ гуна ҳамкории шуъба бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва сокинони маҳаллаҳо ба роҳ монда шудааст?
- Шуъба бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои хизматрасон ва идораҳои маҳаллӣ ҳамкории зич дорад. Дар ҳолати қонуншиканӣ ё пардохт накардани маблағҳои коммуналӣ, якҷо бо сохторҳои дахлдор чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ин ҳамкорӣ ба таъмини интизом, саривақт анҷом додани пардохтҳо ва беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
- Дар масъалаи баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар нигоҳдории муҳити зист кадом тадбирҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад?
- Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки партовҳоро танҳо дар ҷойҳои муайяншуда партоянд, қоидаҳои зисти шаҳриро риоя намоянд ва дар тарбияи дурусти кӯдакон саҳм гузоранд. Ин тадбирҳо барои ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд.
- Нақши технологияҳои муосир ва механизмҳои нав дар беҳтарсозии хизматрасониҳои коммуналӣ чӣ гуна аст?
- Истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла партовгоҳҳои зеризаминӣ ва таҷҳизоти автоматӣ, имконият медиҳад, ки сифати хизматрасонӣ баланд бардошта шавад. Ин технологияҳо ба муҳити зист мувофиқ буда, фаъолияти кормандонро самаранок мегардонанд. Шуъба кӯшиш менамояд, ки бо ҷалби шаҳрвандон масъулияти муштаракро дар нигоҳдории муҳити зист тақвият бахшад.
- Барои соли ҷорӣ ва дурнамо кадом нақшаҳо ва ҳадафҳои асосӣ дар назди шуъбаи коммуналӣ ва манзилии ноҳия гузошта шудаанд?
- Аз нақшаҳои асосӣ иваз намудани техникаи куҳнашуда бо техникаҳои замонавӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани маош ва шароити кори кормандон мебошад. Ҳамзамон, насби контейнерҳои зеризаминӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави партовкашонии экологӣ дар назар дошта шудааст, ки ба коҳиши ифлосшавии муҳити зист мусоидат хоҳад кард.
- Шумо ба сокинони ноҳияи Сино ҷиҳати риояи қоидаҳои тозагӣ ва нигоҳдории амволи умумӣ чӣ муроҷиат карданӣ ҳастед?
- Ба ҳамаи сокинони ноҳияи Сино муроҷиат менамоям, ки масъулияти шаҳрвандии худро дар самти тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист эҳсос намоянд. Тозагӣ танҳо вазифаи кормандони коммуналӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Агар ҳар нафар дар назди хонаи худ саҳмгузор бошад, маҳаллаҳои мо боз ҳам тоза, зебо ва обод мегарданд.