Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 21.07.2026 https://president.tj/event/news/56335 Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави…
Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
21.07.2026
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.
Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон гардид.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;