Санаи 8- юми апрели соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даври ноҳиявии озмуни интихоби довталбон барои қабул ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 28 ихтисос баргузор гардид.
Пеш аз оғози озмуни мазкур дар толори муассисаи таълимӣ бо иштироки довталабон ва волидайни онҳо доир ба тартиби интихоби довталбон барои қабул ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доир гардид.
Дар оғоз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намояндаи раёсати маорифи вилоят, роҳбарияти шуъбаи маориф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъсиси Квотаи президентӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳим ва саривақтӣ буд. Чун дар ноҳияҳои дурдаст ҷавононе ҳастанд, ки дониши хуб доранд, аммо шароити зиндагӣ имкон намедиҳад, ки онҳо баъди хатми мактаб таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар идома диҳанд. Аз ин рӯ, Квотаи президентӣ имконияти хубест барои онҳо, то битавонанд ройгон таҳсил намоянд. Тавре ҳамагон медонем, Президенти кишвар дар баромадҳои худ пайваста қайд мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Таъсиси Квотаи президентӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастгиру мададгори онҳо ҳастанд, - қайд намуданд баромадкунандагон зимни баромадҳояшон.
Озмуни мазкур аз рӯи тартиби Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 28- ихтисоси пешниҳодшуда гузаронида шуд. Маводҳои кор кардаи довталабон аз ҷониби ҳакамони озмун дар ҳузури волидайни онҳо санҷида шуд.
Дар озмуни мазкур довталабон аз ҳама муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда беҳтаринҳо ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.