Рӯзи 22 марти соли 2026 дар доираи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Теҳрай, бо ташаббуси ширкати алюминии тоҷик санги асоси Комплекси варзишӣ гузошта шуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Директори генералии ҶСК "Ширкати алюминии тоҷик" Шарифзода Шуҳрат Ҷурабой, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Зимнан иброз гардид, ки бо дарназардошти он, ки дар ноҳия зиёда аз 16 ҳазор ҷавон зиндагӣ менамояд, бунёди чунин иншоот метавонад барои рушди варзиши оммавӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим заминаи устувор гузорад.
Қайд шуд, ки бунёди иншооти иҷтимоӣ, бахусус дар соҳаи маорифу варзиш, яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, он ба рушди устувори ҷомеа ва тарбияи насли солим мусоидат мекунад.
Масъулин иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур тибқи нақша то ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли миллӣ ба истифода дода мешавад.