Имрӯз 5 феврали соли 2026 дар доираи нақшаи баргузории мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлис Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияту кормандони шуъбаи маориф, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, рушди истеъдодҳо ва технологияи информатсионӣ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ тамоми паҳлуҳои Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуда, моҳияти ин санади муҳими давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гашт, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуд.
Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорону саноатикунонии босуръати кишвар, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон мавқеъ ва манзалати хосае дошта, ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар равона карда, барои таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистилол иқдомҳои нав ва судмандеро роҳандозӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон, зимни ироаи Паём таъкид гардид, ки бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим ва иҷрои ҳадафҳои нақшавӣ аз имкон берун аст.
Аз ин ҷост, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифи кишвар яке аз масоили меҳварӣ ба шумор рафта, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа арзёбӣ гаштааст.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси як дастури маърифатовар дар самти рушди бонизоми соҳаи маориф, боло рафтани мақому манзалати омӯзгор ва тақвият бахшидан ба маърифатнокии ҷомеаи мутамаддин нақши муҳим бозида, баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд