Имрӯз, 30 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Гулзода Зафар Шамсуддин -раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳия, баргузор гардид. Дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимагардида муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси роҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳанг ва тандурустӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақи Кӯлоб Қурбонзода Ёқубҷон иштирок доштанд.
Ба муҳокимаи вакилони Иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳисоботи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2025.
Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2026.
Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2026.
Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот
Дар бораи ҳособоти ҷамъбастӣ "Оид ба рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои солҳои 2021-2025"
Омода намудани ҳисобот ва лоиҳаи қарор "Дар бораи ҳисоботи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба хароҷоти фонди раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2025"
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Нахуст тибқи регламент ҳисоботи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин дар соли 2025 шунида шуд.
Раиси ноҳия дар ҳисобот оид ба дастоварду мушкилотҳо дар соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ноҳия – саноат, кишоварзӣ, роҳсозӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногун дар доираи омодагиҳои ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, дин, танзими ҷашну маросим, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам дар соли 2025 истода гузашт. Инчунин, зимни суханронӣ раиси ноҳия оид ба низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи дастурамали коргузорӣ дар фаъолияти ниҳодҳои ноҳиявӣ ҳарф зада, ба масъулИн дастуру супоришҳо дод.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2026 сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Азимзода Саидшоҳ дар назди вакилон баромад кард.
Иҷлосия доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.