Ҷамъоварии пахта
Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 394700 тонна ҷамъоварии пахта ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷумҳури майдони кишти пахта 164849 гектар буда, асоси маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 14.06.2026 39190 тонна ҷамъоварӣ гардида, дар майдонҳо наздик 70 ҳазор чинакчиён иштирок дошта, 54 мошинҳои пахтачинӣ омодаи кор ва чиниш дар майдонҳои пахтазор бомаром идома дорад.
Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2–3 ҳосил аз як майдон, соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар масоҳати 191000 гектар пешбинӣ гардидааст. Тибқи маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 01 сентябри соли равон кишти такрорӣ дар 203946 гектар, ё 107 фоизи нақша анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ зироатҳои ғалладонагиҳо 115435 гектар, шолӣ 16285 гектар, сабзавот 23338 гектар, картошка 815 гектар, полизӣ 7434 гектар, зироатҳои техникӣ 3491 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво ба 53433 гектар иҷро гардидааст.
Ҷамъоварии ғалладона дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 286679 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 11.09.2026 майдони 275290 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 866754 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 40 сентнер ташкил медиҳад.
Аз он майдони кишти гандум 182252 гектар буда, майдони 182095 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 614254 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 46 сентнер мебошад.
Ҷамъоварии мева, ангур, сабзавот ва полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ то санаи 11.09.2026 дар ҷумҳурӣ 326558 тонна мева ва 85668 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Картошка: майдони кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 39545 гектарро ташкил дода, ба ҳолати 11.09.2026 майдони 22875 гектар ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумӣ 472905 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 210 сентнер мебошад.
Майдони кишти сабзавот 36090 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 35022 гектар ва ҳосили умумии онҳо 1088795 тонна мебошад, аз он ҷумла пиёз 445460 тонна, карам 43696 тонна, помидор 177458 тонна, бодиринг 95648 тонна, сабзӣ 118182 тонна ва дигар сабзавотҳо 208351 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна то 315 сентнер мебошад.
Майдони кишти полизиҳо 20936 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 20919 гектар ва ҳосили умумии онҳо 762173 тонна мебошад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 370 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии хуроки чорво
Дар асоси маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 2976309 тонна хуроки дурушт ва 110610 тонна хуроки ширадор ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 14.08.2026 2220859 тонна хуроки дурушт ва 32017,6 тонна хуроки ширадор ҷамъоварӣ гардида, айни замон захиракунӣ бомаром идома дорад.
Техника ва мошинолоти кишоварзӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2026 дар ҷумҳурӣ 27997 адад техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, 82%-и он омодаи кор мебошад.
Аз он 26652 адад тракторҳо, 1056 адад тракторҳои шудгоркунанда, 6154 адад байниқаторӣ ва 19442 адад нақлиётӣ, 1119 адад комбайни ғалладарав, 117 адад комбайни хурокичорвоғундор, 87 адад мошини пахтачин ташкил медиҳад.
Мошинолотҳо 27784 ададро ташкил намуда, аз он 11202 адад испорҳои тракторӣ, 7061 адад ядакҳои тракторӣ, 2975 адад култиваторҳо, 2079 адад тухмипошакҳо аз он: 1643 адад тухмипошакҳои пахта, 1807 адад достҳои тракторӣ, 1235 адад тойбанду тагрезчин, 556 адад картошкаканакҳо, 264 картошкашинонакҳо ва 611 адад алафҷамъкунакҳо омодаи кор мебошанд.
Воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар ҳашт моҳи соли 2026 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1375 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 395 адад, комбайни ғалладарав 11 адад, мошини алафдарав 13 адад, испори тракторӣ 120 адад, тойбанду тагрезчин 80 адад, картошкашинонак 23 адад, картошкаканак 23 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 140 адад, комбайни пахтачинӣ 5 адад ва мошини пахтачинӣ 2 ададро ташкил медиҳад
Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 227 адад, боркунак (погрузчик) 152 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 17 адад ворид гардидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 235-39-23