Ҷашни Тиргон дар қатори ҷашнҳои Садаву Наврӯз ва Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои миллати тоҷик ба шумор меравад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои…
Ҷашни Тиргон дар қатори ҷашнҳои Садаву Наврӯз ва Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои миллати тоҷик ба шумор меравад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, онҳо ҳифз карда мешаванд.
Санаи 28 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе "Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар "Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” маҳсулоти кишоварзӣ, зардолу ва хушкмеваҳои гуногун, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ ба намоиш гузошта шуд.
Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Тиргон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ироа карда шуд.
Инчунин дар чорабинӣ пешқадамони соҳа аз рӯи номинатсияҳои гуногун ва барои иштироки фаъолона бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.
Баҳри болидахотирии иштирондорон ва меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои истеҳсолӣ, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ба рушди соҳа диққати ҳамаҷониба равона гардидааст.
Дар асоси маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 296 ҳазор гектар ғалладонагиҳои киштшуда, то имрӯз майдони 135 ҳазор гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумӣ наздик 500 ҳазор тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 45 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 190 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 26.06.2026 дар майдони 77 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 53 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, ҷуворимакка барои дон 27 ҳазор гектар, шолӣ 10,4 ҳазор гектар ва дигар ғалладонагиҳо 8,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Зироатҳои техникӣ дар майдони 1700 гектар, полизӣ 3900 гектар, сабзавот 7 ҳазор гектар, картошка наздик ба 100 гектар ва хӯроки чорво 11 ҳазор гектар кишт карда шуд.
Дар ҷумҳурӣ майдони зиёда аз 208 ҳазор гектар боғу токзорҳо мавҷуд буда, 68 ҳазор гектари онро боғҳои зардолу ташкил дода, аз он 54,3 ҳазор гектар мевадиҳанда мебошад.
Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.06.2026 меваҳои тару тоза 47 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд, ки 2100 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Аз ҷумла, истеҳсоли зардолу ба ҳолати 01.06.2026 дар ҷумҳурӣ 24 ҳазор тонна мебошад.
Дар баробари таъмини бозорҳои мамлакат дар панҷ моҳи соли равон ба ҳаҷми 7,8 ҳазор тонна меваҷоти тару тоза ба хориҷи кишвар ба маблағи 3,1 млн доллар содирот карда шудааст. Аз ҷумла 1,2 ҳазор тонна зардолу содирот гардидааст.
Инчунин содироти хушкмеваҳо 37 ҳазор тонна ба маблағи 24,5 млн доллар буда, аз он ҷумла зардолуи хушк 11 ҳазор тонна ба маблағи 16,4 млн доллар мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон