Санаи 6 марти соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бахшида ба Рўзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Санаи 6 марти соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бахшида ба Рўзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон чорабиниро оғоз намуда, ҳамаи бонувонро бо фарорасии Иди баҳору зебоӣ санаи фархундаи Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки боиси ифтихору сарбаландӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва қадршиносии бепоён ба заҳмату хизматҳои арзишманди модарон, санаи 8-уми мартро ҳамчун “Рӯзи модар” эълон карданд ва ҳамасола ин санаи таърихӣ дар мамлакат бо самимияти беандоза нисбат ба модарони азиз дар сатҳи баланд ва бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад.
Дар фарҷом ҳамаи бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон