Санаи 4 марти соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷоя бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми…
Санаи 4 марти соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷоя бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” таҳти унвони “Паём - раҳнамои кишоварзон” ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои зертобеи вазорат ва гуруҳи устодону донишҷуён иштирок намуданд.
Дар суханронӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо шарҳу тавзеҳ ва дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардида буд ва хизматҳои шоёни абармарди таърихсоз Пешвои муаззами миллатро ба самъи иштирокдорон расониданд.
Дар фарҷом аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон медали ҷашнии ҳизбӣ ва ба кормандон Сипосномаву билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон