Боиси хушнудии мардуми кишвар ва бахусус кишоварзон аст, ки ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта мешаванд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид соли 2009 ҷашни Наврӯз, соли 2023 ҷашни Сада ва соли 2024 ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инчунин, соли 2025 аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» ва «Ангури навъи тоифии гулобӣ»-и дараи Алмосӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) шомил гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки маҳсулоти кишоварзии он аз ҷониби GIAHS эътироф гардида, дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури навъи тоифӣ ҳамчун мероси миллии кишоварзии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Бо ташаббус ва хиради дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии кишоварзӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон эҳё гардида, дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои фарҳангиву кишоварзӣ таҷлил мешаванд. Ин ҷашнҳо дар тарғиб ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ нақши муҳим доранд. Ҷашнҳои суннатии миллӣ аз замонҳои қадим марҳилаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонро ифода мекарданд ва дар таҳкими ахлоқ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми арзанда доштанд. Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мардумро ба покизагӣ, ростқавлӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд. Кишоварзон дар ин айём ба тоза кардани ҷӯйборҳо, омодасозии замин, тухмӣ, нигоҳубини чорво ва омодагӣ ба киштукори навбатӣ аҳамияти махсус медоданд. Сада ба фасли зимистон ва унсури оташ, Наврӯз ба баҳор ва замин, Тиргон ба тобистон ва об, Меҳргон ба тирамоҳ ва рӯшноии осмон иртибот дорад. Ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддас пайванд буда, аз ҷаҳонбинии амиқи ниёгон дарак медиҳанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Садаи соли 2025 таъкид намудаанд, ки “Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.” Ҷашни Сада аз замони пайдоиш аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта, ба омодагӣ барои киштукори баҳорӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат менамояд. Бо ҳамин сабаб, кишоварзон ин ойини бостониро бештар гиромӣ медоранд. Кишоварзони мо дар ин айём ба омодасозии тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳо, иҷрои корҳои яхобмонӣ, тоза намудани ҷӯйборҳо, ба тартиб овардани дарахтон ва дигар тадбирҳои зарурӣ машғул шуда, барои киштукори баҳорӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мустаҳкам мегузоранд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, рушди мунтазами он яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин соҳа ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, беҳбуди вазъи иқтисодии мардум ва рушди устувори соҳаҳои дигар нақши калидӣ дорад. Шароити мураккаби ҷаҳони муосир, аз ҷумла таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, канда шудани занҷираҳои анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он — хушксолии пайдарпай ва камобӣ, моро водор месозанд, ки ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва рушди маҷмааҳои агросаноатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Ин тадбирҳо роҳи асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар ба шумор мераванд. Ташаккули соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, ҷорӣ намудани шаклҳои нави инноватсионии хоҷагидорӣ, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, ташкили корхонаҳои коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди устувори соҳаҳои дигар мусоидат менамояд.
Маҳз таҷлили ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун муаррифгари дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ хизмат мекунад. Дар доираи ин ҷашнҳо натиҷаҳои боғу токпарварӣ, ниҳолпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ ба намоиш гузошта шуда, маҳсулоти истеҳсолгардидаи соҳа, техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзӣ пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон, маслиҳату тавсияҳои олимону мутахассисони соҳа, намоиши адабиёт ва дастурҳои илмӣ-оммавӣ, паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ байни хоҷагидорон ва деҳқонони ҷумҳурӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоии мардум бо технологияҳои муосири соҳа амалӣ карда мешаванд. Ҳадафи асосии таҷлили ин ҷашнҳо нигоҳдорӣ ва рушди анъанаҳои қадимаи кишоварзӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба онҳо, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба фарҳанги бостонии ниёгон, сабақбардорӣ аз арзишҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагон ва ҳифзу эҳёи мероси муқаддаси аҷдодӣ дар шароити даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Кишоварзони меҳнатдӯсти мо бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣдар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2025 кишти зироатҳоро дар майдони 843,6 ҳазор гектар гузарониданд. Аз ҷумла, зироатҳои ғалладонагӣ 375,7 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 198,2 ҳазор гектар, картошка 64,3 ҳазор гектар, сабзавот 69,7 ҳазор гектар, сабзавоти тухмӣ 158 гектар, полизӣ 23,2 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 112,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои иқлимӣ ва паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ, дар натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат, соҳаи кишоварзӣ ба заминаи боэътимоди таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили муҳими рушди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумот ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 9,5 фоиз афзоишро нишон медиҳад. Дар ин давра кишоварзони мамлакат 1740,5 ҳазор тонна ғалладона, 392 ҳазор тонна пахта, 1332,5 ҳазор тонна картошка, 3377,9 ҳазор тонна сабзавот, 1254,4 ҳазор тонна зироатҳои полезӣ, 954,3 ҳазор тонна меваҷот, 346,1 ҳазор тонна ангур, 454,3 ҳазор тонна гӯшт, 1206,7 ҳазор тонна шир, 1419,3 миллион дона тухм ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал истеҳсол намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 190 508 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 миллион доллари ИМА содирот гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 13,5 фоиз (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7 фоиз (22,5 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.
Мо, кишоварзонро зарур аст, ки дар баробари дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар оянда ҷиҳати таъмини дурнамои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва устувор нигоҳ доштани амнияти озуқавории кишвари маҳбубамонро бо меҳнати софдилонаву содиқона таъмин намоем.