Санаи 30 июли соли равон дар ҳошияи Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо муовини вазири кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан…
Санаи 30 июли соли равон дар ҳошияи Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо муовини вазири кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чжили дар шаҳри Кумини Чин баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар доираи механизми Осиёи Марказӣ – Чин, афзоиши гардиши маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти кори Зеркумита оид ба масъалаҳои кишоварзӣ миёни Ҷумҳурии Тоиҷкистон ва Чин, ҷалби ширкатҳои чинӣ барои сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзии кишвар, фаъол намудани равобит миёни доираи илмии тарафайн, истифодаи самаранок ва татбиқи амалии корҳои илмӣ дар истеҳсолот, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи парвариши пахта, селексия ва тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани роҳҳои инноватсионии парвариши зироатҳои кишоварзӣ, муҳофизати растанӣ аз касалию ҳашаротҳои зараррасон, хокшиносӣ, харидорӣ намудани қутосҳои хушзот аз Чин, истифодаи қаламрави Чин ҳамчун транзит барои воридоти қутос аз Муғулистон, ҳамкорӣ дар самти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, табодули таҷриба миёни олимону коршиносон, кушодани Маркази намоишии СҲШ доир ба технологияҳои инноватсионӣ (Янглинг) дар Тоҷикистон, баррасии масъалаи бародаршаҳрии музофоти Юннан бо яке аз вилояту шаҳрҳо ва дигар масъалаҳо мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар чаҳорчубаи Зеркумита оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, Гуруҳи кории муштаракро таъсис дода, ҷаласаи онро доир намоянд. Дар ин баробар ҷониби чинӣ ҳавасмандии худро дар самти воридоти лимӯ, гелос, ангур, тути хушк ба бозори Чин ва содироти маҳсулоти коркардшуда ба Тоҷикистонро баён намуда, тарафҳо тезонидани раванди рақамикунонии соҳа, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, таъсиси лабараторияҳои санҷиши хок ва сифати маҳсулот, истифодаи технологияи сарфакунандаи об, афзоиш додани бурсия барои донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои олии аграрии Чин мувофиқи мақсад шумориданд.