28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми…
28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.
Аз ҷумла, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон низ барои хизматҳои арзанда бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардид.
Ин дастоварди арзишманд натиҷаи заҳматҳои содиқона ва фаъолияти самараноки онҳо дар роҳи хизмат ба давлату миллат дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат арзёбӣ гардида, боиси ифтихори аҳли кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба раиси муҳтарам дар фаъолияти минбаъда сиҳатмандӣ, саодатмандӣ, барору комёбӣ ва дастовардҳои нави меҳнатиро таманно дорем.