Рушди маҳал яке аз самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Сохтмони роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободонии маҳал, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои рушди маҳал аз самтҳое…
Рушди маҳал яке аз самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Сохтмони роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободонии маҳал, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои рушди маҳал аз самтҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари ин, самаранокии рушди маҳал басатҳи шаффофият, масъулиятшиносӣ ва қонуният дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони масъул вобастагии мустақим дорад.
Коррупсия на танҳо қонуншиканӣ, балки яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори маҳал мебошад. Он метавонад боиси истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ, паст шудани сифати хизматрасониҳо, маҳдуд гардидани рақобати солим ва коҳиш ёфтани эътимоди шаҳрвандон гардад.
Кадом самтҳо бештар ба пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ниёз доранд?
Дар соҳаи рушди маҳал масъалаҳои вобаста ба истифодаи маблағҳои давлатӣ, хариди давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ, истифодаи замин, идоракунии моликияти давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ аҳамияти махсус доранд.
Дар чунин самтҳо пеш аз ҳама бояд механизмҳои шаффоф ва назоратшавандаи қабули қарорҳо вуҷуд дошта бошанд.
Масалан, ҳангоми татбиқи як лоиҳаи инфрасохторӣ бояд равшан бошад:
⎯ маблағҳо аз кадом манбаъ ҷудо шудаанд;
⎯ лоиҳа чӣ мақсад дорад;
⎯ кадом ташкилот барои татбиқи он масъул аст;
⎯ муҳлати иҷрои корҳо чӣ гуна муайян шудааст;
⎯ сифати корҳои иҷрошуда чӣ гуна назорат мешавад;
⎯ натиҷаи ниҳоии лоиҳа барои аҳолӣ чӣ гуна аст.
Шаффофият яке аз воситаҳои самараноки пешгирии коррупсия мебошад.
Пешгирӣ аз ошкорсозӣ муҳимтар аст
Дар мубориза бо коррупсия танҳо ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор кофӣ нест.
Муҳимтар аз ҳама муайян намудани сабаб ва шароитҳое мебошад, ки метавонанд барои пайдоиши коррупсия замина фароҳам созанд.
Аз ин рӯ, гузаронидани арзёбии хавфҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳангоми чунин арзёбӣ бояд муайян карда шавад, ки дар кадом равандҳо хавфи коррупсионӣ бештар вуҷуд дорад, кадом ваколатҳо метавонанд сӯиистифода шаванд ва барои коҳиш додани ин хавфҳо кадом чораҳо заруранд.
Рақамикунонӣ ҳамчун воситаи пешгирии коррупсия
Рушди технологияҳои рақамӣ имкониятҳои навро барои баланд бардоштани шаффофияти идоракунии давлатӣ фароҳам меорад.
Пешниҳоди хизматрасониҳо дар шакли электронӣ, бақайдгирии рақамии ҳуҷҷатҳо, назорати электронии иҷрои қарорҳо ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ метавонанд робитаҳои нолозими мустақимро коҳиш дода, назорати равандҳоро беҳтар намоянд.
Рақамикунонӣ, албатта, худ аз худ коррупсияро бартараф намекунад, аммо дар сурати дуруст бароҳ мондани он метавонад яке аз воситаҳои муҳими кам намудани хавфҳои коррупсионӣ бошад.
Масъулияти ҳар як хизматчии давлатӣ
Пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти назоратӣ нест.
Ҳар як хизматчии давлатӣ, сарфи назар аз вазифа ва сатҳи мансаб, бояд дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, беғаразӣ, масъулиятшиносӣ, шаффофият ва адолат-ро риоя намояд.
Ваколати давлатӣ пеш аз ҳама масъулият дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Истифодаи ваколатҳои хизматӣ бояд танҳо дар доираи қонун ва баманфиати ҷомеа сурат гирад.
Ҷомеа низ нақши муҳим дорад
Пешгирии коррупсия бе иштироки ҷомеа самаранок буда наметавонад.
Шаҳрвандон бояд ҳуқуқи худро донанд, аз имкониятҳои қонунии муроҷиат ва гирифтани маълумот истифода баранд ва дар доираи қонун нисбат ба мушкилоти мавҷуда бетараф набошанд.
Ҳамзамон, ҳар як муроҷиат бояд бо масъулият ва беғаразона баррасӣ карда шавад.
Рушди маҳал — масъулияти муштарак
Рушди воқеии маҳал танҳо бо сохтмони иншоот ё ҷудо намудани маблағҳо маҳдуд намешавад. Рушд пеш аз ҳама идоракунии самаранок, истифодаи мақсадноки захираҳо, масъулияти шахсони мансабдор ва эътимоди шаҳрвандон мебошад.
Аз ин рӯ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ бояд як қисми муҳими сиёсати рушди маҳал бошад.
Ҳар қадаре ки фаъолияти мақомоти давлатӣ шаффоф, қарорҳо асоснок, маблағҳо мақсаднок ва назорат самаранок бошад, ҳамон қадар барои рушди устувори маҳал шароити мусоид фароҳам меояд.
Мубориза бо коррупсия аз пешгирӣ оғоз мешавад. Пешгирӣ бошад, аз масъулият, қонуният ва шаффофият оғоз мегардад.
Камолзода Файзиддин Умар - сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон