24 августи соли 2026 ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид. Дар ҷаласа омӯзиши рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти…
24 августи соли 2026 ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид.
Дар ҷаласа омӯзиши рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” дар ноҳияи Тоҷикобод мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт, ки тариқи лавҳаи электронӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, намояндагони масъули вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон, ҳифзи муҳити зист, забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Тоҷикобод, муовинони раиси ноҳия, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод, намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия дар ҷаласа ширкат доштанд.
Қобили зикр аст, ки мавзуи рӯзнома аз ҷониби раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод аз рӯи моддаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” вобаста ба таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2026, №АП-960 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, зикр гардидаанд (таъмини пешрафти иқтисодӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон, баробарии гендерӣ, энергетика, нақлиёт, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, вусъати шуғли пурмаҳсул, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда), амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақша чорабиниҳо бахшида ба “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” аз 17 марти соли 2026, №АП-996 ва рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи муроҷиати шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ” пурра таҳлил гардида, аз масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳа ба соҳа пурсида шуда, барои ҳалли масъала вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.