21 августи соли 2026 Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумита Камолиддин Муминзод ба ноҳияи Сангвор ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода…
Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумита Камолиддин Муминзод ба ноҳияи Сангвор ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ва дигар ашхоси масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо эҳтироми хосса пешвоз гирифтанд.
Боздиди гуруҳӣ корӣ аз шиносоӣ бо фаъолияти Маркази савдои “Матин” оғоз гардид. Дар аснои боздид масъулин фаъолияти марказ, имкониятҳои мавҷуда ва шароити корбарии онро муаррифӣ намуда, оид ба нақшаю лоиҳаҳои ояндадор иттилооти муфассал доданд.
Ташрифи гурӯҳи корӣ бо мақсади омӯзиши вазъи рушди маҳал ва рафти татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла амалӣ намудани ташаббусҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва омӯзиши рафти иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 “Оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нигаронида шудааст.