Рӯзи 4 августи соли 2026 бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Рӯзи 4 августи соли 2026 бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод бо роҳбарияти вилоят, роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва дигар масъулини шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Дар аввал раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод иброз дошт, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои боз ҳам густариш бахшидани корҳои бунёдкорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аҳамияти бузург дорад.
Сипас раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қадирӣ оид ба ҷараёни иҷрои корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр ҳисобот пешниҳод намуда, зикр кард, ки сокинони шаҳр бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созанда фаъолона саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод зимни суханронӣ муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996-ро шарҳу тавзеҳ дода, аз масъулон даъват намуд, ки барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Дар анҷоми таъкид гардид, ки татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми фаъолонаи мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ барои рушди устувори шаҳри Истаравшан, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти минбаъдаи кишвар аҳамияти калидӣ дорад.