Дар идомаи сафари корӣ ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 таҳти №АП-996 ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз…
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати Кумита таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 таҳти №АП-996 ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз муассисаи таҳсилоти томактабии №12-и деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ боздид намуданд.
Дар рафти боздид ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон ва раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳамроҳӣ намуданд.
Раиси Кумитаи рушди маҳал бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз наздик шинос шуда, бо омӯзгорону мураббиён ва кормандони соҳа мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни боздид аз ҷониби раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.