Рӯзи 3 августи соли 2026 бо мақсади иҷрои Нақша чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 дар толори мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод…
Рӯзи 3 августи соли 2026 бо мақсади иҷрои Нақша чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 дар толори мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳал муҳтарам Камолиддин Муминзод (муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ) бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва дигар масъулони соҳаҳо баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртахонзода иброз дошт, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои боз ҳам густариш бахшидани корҳои бунёдкорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аҳамияти бузург дорад.
Сипас раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода оид ба ҷараёни иҷрои корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ҳисобот пешниҳод намуда, зикр кард, ки сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созанда фаъолона саҳм мегузоранд.
Қайд гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду азнавсозии 595 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Бо дарназардошти суръати баланди корҳои сохтмонӣ ва ташаббусҳои нави соҳибкорону сокинон, боз 130 иншооти дигар ба нақша илова гардида, шумораи умумии онҳо ба 725 расонида шуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, то имрӯз иҷрои нақшаи пешбинишуда ба 115 фоиз баробар гардида, аксари иншооти ҷашнӣ аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Иншооти боқимонда низ бо суръати баланд бунёд гардида, тибқи нақша то таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ пурра ба истифода дода хоҳанд шуд.
Дар охир раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод зимни суханронӣ муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-996-ро шарҳу тавзеҳ дода, аз масъулон даъват намуд, ки барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд.