8 июли соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии…
8 июли соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳал назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии вазифаҳои Паёми навбатии Роҳбари давлат тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ баҳри рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, дар шаш моҳи аввали соли равон нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардиданд.
Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ дар сатҳи 108 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 222 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 16,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, қисми даромади буҷет 106 фоиз, воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 104 фоиз ва қисми хароҷоти буҷет бошад, дар сатҳи 99 фоиз иҷро гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисод, молия, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон, ободонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба масъалаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо андешаҳои худро иброз доштанд.