21 марти соли 2026 дар фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ, дар майдони Парчами миллии шаҳри Бохтар барномаи бошукӯҳи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ» бо садои дилнавози карнаю сурнай оғоз гардида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ба сокинону меҳмонони…
21 марти соли 2026 дар фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ, дар майдони Парчами миллии шаҳри Бохтар барномаи бошукӯҳи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ» бо садои дилнавози карнаю сурнай оғоз гардида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ба сокинону меҳмонони вилояти Хатлон мужда расонид.
Дар ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ Намондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Абдудмаҷид Муминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи иттилои масъулини баргузории чорабинӣ, дар ин тадбири хотирмони идона беш аз 10 ҳазор нафар сокинону меҳмонон ширкат варзида, шоҳиди як барномаи рангорангу пурмуҳтаво гардиданд. Барномаи фарҳангӣ-оммавӣ фарогири анъанаву русуми аҷдодӣ, суннатҳои дерина ва ойинҳои наврӯзии мардуми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва инчунин халқиятҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз буд, ки бо шеваи хоса ва ҷолиб манзур гардид.
Маҳалли баргузории чорабинӣ бо рамзҳои хоси ҷашни Наврӯз, аз ҷумла гулҳои рангоранг, дастархони ҳафтсин, либосҳои миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ оро ёфта, фазои ҳақиқии идонаро таҷассум мекард. Ҳар як бахши барнома бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳои қадимии наврӯзӣ таҳия гардида, ҳунари волои эҷодкорон ва ҳаваскоронро инъикос менамуд.
Баромадҳои ҳунармандони касбӣ ва дастаҳои ҳаваскор бо рақсу таронаҳои халқӣ, саҳнаҳои театрӣ ва намоиши расму ойинҳои миллӣ шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодиро бозгӯ мекарданд.
Дар доираи барнома, Наврӯзи минтақаҳои гуногуни кишвар бо хусусиятҳои хоси фарҳангӣ ва анъанавии худ муаррифӣ гардида, ваҳдати миллӣ ва гуногунрангии фарҳангии Тоҷикистонро ба таври равшан таҷассум намуд.
Зикр гардид, ки «Корвони Наврӯзӣ» ҳамчун як анъанаи неку созанда бо ибтикори Пешвои миллат пас аз солҳои зиёд эҳё гардида, имрӯз ба як ҷузъи муҳими таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин барнома беҳтарин арзишҳо ва суннатҳои Наврӯзи ниёгонро дар худ таҷассум намуда, онҳоро дар заминаи дастовардҳои даврони истиқлолият бо