Модарони гиромӣ ва бонувони арҷманди кишвар!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумоёнро ба ифтихори Рӯзи Модар, ки яке аз ҷашнҳои пурифтихор ва гиромидошти мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад, самимона табрику таҳният менамоям.
Модар рамзи муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат ва сарчашмаи зиндагист. Заҳмату фидокории модарон дар тарбияи фарзандони солеҳ, таҳкими оила ва пойдории арзишҳои миллӣ бениҳоят бузург мебошад.
Бо ҳидоят, меҳрубонӣ ва тарбияи модар аст, ки насли оянда ба камол мерасад, шахсиятҳои бофарҳанг ва соҳибандеш ташаккул меёбанд ва ҷомеа дар заминаи ин тарбияи неку пешрафта ба шукуфоӣ, субот ва пешравии устувор ноил мегардад. Модар на танҳо пояи оила, балки заминаи устувори рушди ҷомеа ва ояндаи давлат аст.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сиёсати хирадмандона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа боз ҳам баланд гардида, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз занону модарони тоҷик бо меҳнати софдилона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар пешрафти давлат, рушди маҳал, тарбияи насли ватандӯсту донишманд ва таҳкими пояҳои оила саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи модарону бонувони азизи кишвар саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, бахту саодат ва дар фаъолияти пуршарафашон барору комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бигзор меҳру муҳаббати модар ҳамеша чароғи хонадонҳоро равшан гардонад ва файзу баракат дар ҳар як хонадони Тоҷикистони азиз пойдор бошад.
Рӯзи Модар муборак, модарони азиз!