5 октября 2026
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи корӣ 15 декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва кормандони Кумита ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи назоратӣ сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд.
Кормандони Кумита вазифадор гардиданд, ки иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машваратии назди Раиси Кумитаро ҷиҳати саривақт иҷро намудани супоришҳои вобастагардида ба роҳ монанд.