Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи корӣ 8 декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва кормандони Кумита ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи назоратӣ сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А. сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А. аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд. Инчунин барои пешниҳод ба ҷадвалҳои такмилдодашудаи шакли намунавии арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии барои ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал дар соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифта ба масъулин дастуру супориши мушаххас дода шуд.