Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи корӣ таҳти раёсати раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки кормандони Кумита маҷлиси назоратӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита дар машварати назорати бо воҳидҳои сохтории Кумита вазифагузори намуданд, ки давоми ҳафта нисбати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машваратии назди Раиси Кумита аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, барои иҷрои босифати масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.