Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии идонаро Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ зикр бар он дошт:
“Дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузурге ниёз дорад, ки ӯ беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давр бар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами миллатсози худро гузоштанд - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Мактаби бузурги сиёсӣ, ақидаҳои ҳикматомези оламгир ва мақоми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари тоҷиконаи оламро дар арсаи ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори варзидаву хайрхоҳи аҳли башар, Тоҷикистонро ба ҳайси давлати сулҳпарвару фарҳангсолор ва пешрафту соҳибрушд муаррифӣ кардааст. Кормандони Кумита дар симои Пешвои миллат, падари ғамхор ва устоди зиндагии имрӯзу фардои худро эҳсос намуда, азми он доранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати сарварии Пешвои миллат дар роҳи шукуфоию ободии Ватани азизамон Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкориро идома бахшида, Тоҷикистонро дучанд ба кишвари пешрафту мутараққӣ табдил даҳанд.
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократии тоҷикон ва шодию фараҳи рӯзгор дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо ҳамдиёрони арҷманд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Президент самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи ободию шукуфоии кишвари азизамон барору комёбиҳо ва ба хонадони шумо осудагию рӯзгори бофароғат орзу дорам.
Рӯзи Президент – рӯзи ҳастии давлат, пойдории адолати қонун, эҳёи миллат ва тавлиди бахту иқболи неки ҷомеа фархунда бод.”