Санаи 10 ноябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сардорони Раёсату шуъбаҳо аз натиҷаи корҳои дар ҳафтаи сипаригардида иҷро шуда маълумот доданд.
Дар кори ҷаласа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кормандони Кумита вазифадор гардиданд, ки иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машваратии назди Раиси Кумитаро ҷиҳати саривақт иҷро намудани супоришҳои вобастагардида ба роҳ монанд.