Бо мақсади рафти иҷрои банди 39-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 9 январи соли 2023, №АП-321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ташкил ва баргузор кардани озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Қобили қайд аст, ки даври ҷамъбасти озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ, дар арафаи ҷашни Рузи Конститутсия 5 ноябри соли ҷорӣ дар бинои мактаби бачагонаи санати ба номи Одина Ҳошим, ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо чорабинии шаҳри Душанбе таҳти роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, аъзоёни гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид, ки ғолибони Озмун бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва Сипоснома қадрдонӣ гариданд.