Бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни истиқлоли давлати санаи 8 сентябри соли 2025 Раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон ба шаҳри Бохтар сафари кори анҷом доданд.
Ба муносибати 34-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони сарбаланди шаҳри Бохтарро самимона табрику таҳният гуфта саломатӣ, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу намуд. Зикр ба он намуд, ки Истиқлол ҳамчун арзиши муқаддас ва асоси пешрафти халқи тоҷик, ба мо имкон дод, ки ояндаи худро мустақилона муайян намоем. Арзиши истиқлолият ва озодӣ ба мо имкон дод, ки стратегияи рушди худро дар асоси арзишҳо, ниёзҳо ва фарҳанги худ таҳия ва амалӣ созем. Ба ҳамагон маълум аст, ки таърихи истиқлоли давлатӣ, барои халқи мо, роҳи дуру дарози мубориза ва фидокорӣ буд. Воқеияти таърихӣ исбот мекунад, ки тоҷикон як миллати куҳандавлат буда, дорои таъриху собиқаи тӯлонии давлатдории худ мебошад.
Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимояи устувору дастгирии мардуми сарбаланди тоҷик вазифаи азими таърихӣ –расидан ба истиқлоли давлатӣ ва пойдории он иҷро гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор фаъолон ва шахсони хизматнишондода, ки дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва нумӯи шаҳр саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.