Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии мақомоти маҳалли дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ширкат варзид.
Пас аз баррасии натиҷаҳои фаъолият мавсуф аз масъулони соҳа барои тақвияти корҳо пурсиш намуда, аз ҷумла зикри он дошт, ки баргузорӣ ва баррасии масъалаҳои рӯзнома аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шаҳри Бохтар ҷиҳати татбиқи саривақтиву сифатноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили рушди устувору дарозмуддати иқтисодиёт, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ таъмини ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Аз муҳокимаи масъала бармеояд, ки барои беҳбудии фаъолият, татбиқи нақша чорабиниҳо ва пиёдасозии муҳимтарин ҳадафҳои давлатдорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои он вазифадоранд ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, иҷрои онро таъмин намоянд:
Ҳама ҳадафҳои давлатдории мо ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки иҷроиши нақшаи буҷет таъмин гардад.
Нақшаи қисми даромади буҷет аз рўи контингентӣ умумӣ 104 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 167,6 млн сомонии пешбинигардида 173,5 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки он нисбати нақша 5,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 141 млн сомонӣ ворид гардид, ки он нисбат ба нақша 3,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон як нуктаро таъкид менамоям, ки ба ҳолати 1 июни соли 2025 бақияи қарзи андоз 13,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 92,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Вобаста ба ин Раёсати молия, Нозироти андози шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрро зарур аст бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии шаҳр, таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, корхонаҳо, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии қарзҳо бо фоизҳои қонеъкунандаи қудрати соҳибкорону шаҳрвандон чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамчунин ҷиҳати дарёфт намудани манбаъҳои иловагии хизматрасонии қарзи беруна, ҷалби маблағҳои грантӣ ва саромоягузории хориҷӣ, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо ва пешгири намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав инчунин баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлати тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шавад;
Дар нақшаи чорабиниҳои ҷашнии шаҳри Бохтар бунёди 300 иншоот дар назар аст. Мо бояд барои такмили нақшаи чорабиниҳо корҳои тарщиботиро бештар намуда, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаро ба корҳои бунёдкорию созандагӣ ҷалб намоем. Хусусан дар шаҳр масъалаи нарасидани синфхонаҳои таълимӣ, бунгоҳҳо, мумфаршкунии роҳҳо, таъмин бо оби софи нӯшокӣ, сохтмони утоқи кории раисони маҳалла, таъсиси партобгоҳ дар маҳаллаҳо, ивази симчӯбу трасформатор ва дигар масъалаҳои дар маҳал ҷойдошта бояд ҳалли худро ёбанд.
Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз 300 банди нақшаи чорабиниҳо 189 банд амалӣ гардидааст, ки ин ба 63 фоизи нақша баробар аст. Аз ин, дар соҳаи саноат 25 фоиз (аз 16 банд, 4 банд), дар соҳаи маориф 20 фоиз (аз 15 банд, 3 банд), дар соҳаи тандурустӣ аз 4 банд ягон банд иҷро нашудааст, дар соҳаи фарҳанг 67 фоиз (аз 3 банд, 2 банд), дар соҳаи варзиш 100 фоиз (аз 4 банд, 4 банд), дар соҳаи нақлиёт ва коммуналӣ 90 фоиз (аз 87 банд, 78 банд), дар соҳаи кишоварзи як банд ба нақша ворид гардида он ҳам иҷро нагардидааст, дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ 56 фоиз (аз 43 банд, 24 банд), дар соҳаи сохтмон 43 фоиз (аз 101 банд, 44 банд) ва дигар соҳаҳо 136 фоиз (аз 22 банд, 30 банд) иҷро гардидааст.
Давоми чор соли сипаригардида 4 корхонаи хурди саноатӣ бо таъсиси 48 ҷои кори мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо ин тарзи муносибат мо чи хел саноатикунонии бо суръатро таъмин менамоем?. Ҳоло он, ки тибқи нақша 16 корхонаи саноатӣ бояд бунёд шавад.
Ҳамчунин бо мақсади амалигардонии ҳадафи муҳими умумимиллӣ-саноатикунонии мамлакат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯйбуда ва истифодабарии иқтидорҳои бозистода чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Масъалаи дигар ин самаранок ва тибқи талабот истифодаи қувваи барқ аст. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр 123,7 млн кВт соат ба маблағи умумии 52,6 млн сомонӣ нерўи барқ интиқол дода шудааст, ки қабули барқ нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда – 29,8 млн кВт/соат зиёд мебошад.
Аз ин ҳисоб 48,2 млн. сомони маблағ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 91,7 фоиз баробар аст.
Ҳамзамон, талафоти нерўи барқ 37 млн. кВт/соат ё ин, ки 23 фоизро ташкил медиҳад.
Қарз аз ҳисоби истифодаи барқ ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ 169,3 млн сомониро дар бар гирифта, танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 5 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Мушкилоти асосии соҳаи барқ - ин ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва баланд будани талафоти неруи барқ аст.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вобастагии қавӣ дорад. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва баланд рафтани нархи маводи хӯрокворӣ дар чанд мамолики олам ва пешгирии таъсири он ба бозори дохилӣ ва ҳаёти ҷомеа масъулони соҳаи кишоварзии шаҳрро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида, татбиқи саривақтии барномаҳои давлатии соҳавиро таъмин намоянд ва дар самти иҷрои ӯҳдадориҳои соҳавӣ барои таъмини талаботи аҳолӣ бо шир, маҳсулоти ширӣ, тухм ва гӯшти паранда фаъолияти корхонаҳои коркард ва парандапарвариро дар асоси технологияи ҳозиразамон роҳандозӣ намоянд.
Дар шашмоҳи соли ҷори истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ - 579,5 тонна, картошка - 992,6 тонна, сабзавотӣ 11486,8 тонна, меваҳо - 805,8 тонна, гўшт 39,9 тонна, шир 253,8 тонна, тухм 161,8 ҳазор донаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 сабзавот 2024 тонна, картошка - 348 тонна, мевагиҳо - 687 тонна, гўшт – 2,6 тонна ва тухм 4,6 ҳазор дона зиёд шудааст
Масъулини соҳа вазифадоранд, омодагии хоҷагиҳои кишоварзӣ, техника ва таҷҳизоти онро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани кишти тирамоҳӣ таъмин намуда, нақшаи кишти такрориро бо таваҷҷӯҳ ба истеҳсоли маводи ғизоӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот таҳрезӣ намоянд;
Рушди соҳаи маориф аз самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, он ҳамеша зери щамхорӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар баробари пешравиҳо дар соҳаи маорифи шаҳр масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд ва масъулони соҳаро зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Барои таъмини иҷрои Барномаи сохтмон, барқарорсозию таъмири муассисаҳои маориф, махсусан иншоотҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагие, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмонашон ба нақша гирифта шудаанд, тадбирҳои иловагӣ андешида, бо истифода аз манбаъҳои гуногун вазъи моддию техникии муассисаҳоро беҳтар намоянд.
Чунон ки дар боло зикр намудам бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати дар соҳаи маориф аз 15 банд ҳамаги 3 банд иҷро шудааст.
Пурзӯр намудани базаи модди-техникии соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизотҳои муосири ҳозиразамон ва ворид намудани усулҳои нави ташхис, табобат ва хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани савияи дониши табибон ва таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони баландихтисос, дуруст ба роҳ мондан ва назорати хизматрасонии кӯмаки аввалия, пешгирии истифодаи доруҳои пастсифат аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки масъулини соҳаи тибби шаҳро вазифадор менамояд барои амали намудани он тадбирҳои заруриро бояд роҳандози намоянд.
Дар анҷоми сухан Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ба ҳамаи фаъолон, махсусан соҳибкороне, ки барои таҷлили хотирмони ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон азми саҳм гузоштан доранд, изҳори сипосу эҳтиром намуда, дар роҳи расидан ба ҳама мақсадҳои наҷиби зиндагӣ бароятон барору кушоиш таманно намуд.