Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 67 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2025, №1 вобаста ба таъмини иҷрои босифати барномаҳои маҳаллӣ, инчунин таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина, дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (супориш аз 22 майи соли 2025, №18909(24-3) корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз қабили коршиноси байналмилалии JICA дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот саривақт ва самаранок ба роҳ монда, баргузории семинарҳои омӯзиширо марҳила ба марҳила ба нақша гирифтааст.
Марҳилаи аввали баргузории семинари омузишӣ барои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Файзобод санаҳои 27-28 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳал баргузор гардид.
Ҳайати иштирокдорон аз ҳисоби муовинони соҳавӣ (самти иқтисод), мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои шаҳру ноҳияҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот даъват гардида, иштироки онҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр таъмин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар кори семинари омӯзишӣ баромади намояндагон аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва коршиноси байналмилалии JICA дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, тибқи барнома дар мавзуҳои банақшагирифташуда баромадҳои пурмӯҳтаво карданд.
Дар асоси супориши болозикр ташкил ва баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи маҳал дар дигар минтақаҳо низ ба нақша гирифта шудааст.