Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз дар шаҳри Боку мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар оғози суҳбат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба рушди муносибатҳо дар самтҳои энегргетикаву нақлиёт ва логистика афзалият дода шуд.
Ҷонибҳо аз вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба хуш истиқбол гирифта, барои тақвияти бештари он алоқамандии хешро баён карданд.
https://khovar.tj/2026/09/prezidenti-ozarboj-on-il-om-aliev-bo-sarvaziri-to-ikiston-o-ir-rasulzoda-mulo-ot-namud/