Зимни идомаи сафари корӣ санаи 3 сентябри соли 2026 дар ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода А. С. як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои иловагӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 иборат аз 8 синфхона барои 200 хонанда дар як баст ва чойхонаи «Шаршара», ки барои сокинони ноҳия 12 ҷойи корӣ фароҳам меорад, ифтитоҳ намуданд.
Инчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо аз шароити фурудгоҳи ноҳияи Панҷ дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани он тавсияҳои судманд доданд.