19 июни соли 2026 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти ҳамраисии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин ва муовини директори идоракунанда оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ (EEAS) Аудроне Перкаускене доир шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баимзорасонии Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкории густаришёфта (EPCA), ҷалби сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, маориф, рақамикунонӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи ташаббусҳо дар доираи Стратегияи «Дарвозаи ҷаҳонӣ» (Global Gateway)-и Иттиҳоди Аврупо, дастгирии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун лоиҳаи муҳими соҳаи энергетикаи тоза ва таъмини амнияти энергетикии минтақа, инчунин маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоӣ, инфрасохторӣ ва иқлимӣ дар Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикӣ тасдиқ намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории амалӣ дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.