6 октябри 2026
16 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи Чаҳорчӯби ҳамкории кишварӣ барои солҳои 2023–2026, пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва таҳкими пайвастагии минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, рушди устувор ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои муштарак таъкид карданд.