5 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ва ҳайати намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KfW) таҳти роҳбарии Менеҷери калони портфелии KfW ҷаноби Маттиас Грюнингер баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Насриддинзода Р. Ҳ. ҳайати бонкро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои молиявию иқтисодии Олмон пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки KfW худро ҳамчун шарики боэътимод дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи «Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои ба тағйирёбии иқлим мутобиқшуда ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ», ки самтҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, инфрасохтор ва рушди минтақавиро дарбар мегирад, собит намудааст.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор намуданд.