30 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи сатҳи баланди Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳамраисони Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд, аз ҷумла ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами, роҳбари ҳамкорӣ аз Иттиҳоди Аврупо Исабел Уриз Эрнандес ва роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти механизмҳои иртибот ва ҳамоҳангсозӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шарикони рушд, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки ҷиҳати татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2030 ҷалби ҳамаҷонибаи шарикони рушд ва сафарбарсозии захираҳои иловагии молиявию техникӣ ҳамчун омили калидии таъмини рушди устувор арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон зикр гардид, ки тақвияти ҳамкориҳо бояд ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз», саноатикунонии босуръат ва таҳкими сармояи инсонӣ равона карда шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи шарикӣ ва татбиқи самараноки ташаббусҳои муштарак дар самти таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.